Tuesday, 16 September, 2025г.
russian english deutsch french spanish portuguese czech greek georgian chinese japanese korean indonesian turkish thai uzbek

пример: покупка автомобиля в Запорожье

 

Мижгонаи Мирзо - Ошиқӣ

Мижгонаи Мирзо - ОшиқӣУ вашего броузера проблема в совместимости с HTML5
Оҳанги Ф. Ёрматов, А. Абдураҳмонов Коргардон ва продюсер Фаррух Ёрматов Шеъри Лоиқ Шералӣ. "Бахти сафед" Шеъри ман бӯи ту дорад, Атри гесӯи ту дорад. Мисраи пайвастаи ман Ёди абрӯи ту дорад. Ошиқи чашми туям, эй ҷони ҷони ҷони ман, Беҳтарин, шевотарин, зеботарин армони ман. Бе ту бахти ман ҷавон нест, Шеърҳои ман равон нест. Бе ҷаҳони ишқи покат Ин ҷаҳон бар ман ҷаҳон нест. Ошиқи чашми туям, эй ҷони ҷони ҷони ман, Беҳтарин, рангинтарин, ширинтарин армони ман. Аз ту ин рӯзи саидам, Хандаи бахти сафедам. Рӯи ту - рӯи саодат, Чашми ту - чашми умедам. Ошиқи чашми туям, эй ҷони ҷони ҷони ман, Беҳтарин, олитарин, волотарин армони ман. 20.01.1983.
Мой аккаунт