Tuesday, 16 September, 2025г.
russian english deutsch french spanish portuguese czech greek georgian chinese japanese korean indonesian turkish thai uzbek

пример: покупка автомобиля в Запорожье

 

"Дубора Созамат Ватан" Асом Хайриддинов ( шеъри Бозор Собир )

"Дубора Созамат Ватан" Асом Хайриддинов ( шеъри Бозор Собир )У вашего броузера проблема в совместимости с HTML5
Дубора Созамат Ватан, Ба хишти ҷони хештан. Сутун занам ба сақфи ту, Ба устухони хештан. Сатили обу гил маро Барои сохтори ту. Ду панҷа хуни дил маро Барои рангу бори ту. Барои дар чаҳор сӯ Навиштани шиъори ту, Бародарӣ - баробарӣ, Баробарӣ - бародарӣ. Агар чу шиша чашми манн, Ба кор меравад, бимон. Ба кор меравад агар Сарам чу санги сохтмон, Бимон, бимон, бимон. Дубора созамат Ватан, Ба хишти ҷони хештан, Сутун занам ба сақфи ту Ба устухони хештан. Бозор Собир Bozor Sobir http://www.bozorsobir.com
Мой аккаунт