Рӯзи 30-юми декабри 2017, ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" ҷаласаи солонаи худро дар шаҳри Колни Олмон баргузор кард.
Дар ин нишаст, илова бар аъзо ва ҷонибдорони "Гурӯҳи 24", намояндагони созмони "Ҷавонон барои эхёи Тоҷикистон" ва ҳаракати "Озодӣ ва адолат" низ, иштирок карданд.
Дар ин нишаст натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳ дар соли 2017-ро дида баромаданд. Масъулин дар мавзӯъҳои гуногуне аз қабили : сиёсат, иқтисодиёт, соҳаи маъориф ва тандурустӣ , мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва гурезаҳо, поймоли ҳуқуқи инсон ва дигар мушкилот дар Тоҷикистон суханронӣ карданд.
Зимни нишаст, як силсила тағйиру дигаргуниҳо дар сохторҳои гурӯҳ сурат гирифт.
Матни эълонияро чуноне Нуриддин Ризоӣ, қироат кард дар заил мегузорем;
"Созмони "Ҷавонон барои эхёи Тоҷикистон" ва ҳаракати "Озодӣ ва адолат" минбаъд расман зери чатри ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" фаъолият хоҳанд кард.
Роҳбари ҳамакнун собиқи созмони "Ҷавонон барои эхёи Тоҷикистон" Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи "Гурӯҳи 24" дар иттиҳоди кишварҳои муштаркулманофеъ (СНГ) интихоб гардид.
Инчунин, роҳбари ҳамакнун собиқи ҳаракати "Озодӣ ва адолат" - Абдурраҳмон Б. , вориди шӯрои сиёсии "Гурӯҳи 24" гардид.
Зимни тағйиру иловаҳо, Сайдалӣ Ашӯров, ба хайси сухангӯи расмии ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" интихоб шуд ва Беҳрӯз Тағоизода бошад, масъулияти бахши ҷавонон ва кадрсозии Гурӯҳи 24"-ро бар дӯш гирифт . Хусрав Раҳмонӣ, аз симати масъули намояндагии "Гурӯҳи 24" дар Олмон барканор гардида, ба ҷои ӯ Муҳаммадраҷаб Сайдалиев интихоб шуд.
Инчунин, Меҳрубон Сатторов, аз симати намояндагии "Гурӯҳи 24" дар Русия барканор гардида, ба ҷойи ӯ Раҳматҷони Маҳмадҷон интихоб шуд.
Ҳамчунин, бахши намояндагии ҷадид дар Туркия ифтитоҳ гардида, масъулияти он ба дӯши Насим Шарипов вогузор гардид.
Намояндагони ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" дар дигар кишварҳо аз ҷумла, Утриш, Лаҳистон, Суед, Гурҷистон, Фаронса, Омрико, Конодо...ҳамоно масъулияти худро идома хоҳанд дод.
Зимнан, қарор шуд Ҳусейн Ашӯров, дар симати муовини роҳбари "Гурӯҳи 24" ва Нуриддин Ризоӣ, дар симати шӯъбаи равобити хориҷӣ масъулияти худро идома диҳанд.
Мақсади гузаронидани ин нишаст, ҷамъбаст кардани фаъолияти "Гурӯҳи 24" дар соли сипаришуда, гузаронидани дигаргуниҳои кадрӣ ва сохторӣ, муҳокимаи барномаҳои оянда ва ба мардуми ҷомеъа расонидани ахбор ва асбоби мушкилот ва асли воқеият дар соли 2017 буд.
https://guruhi24.com/