Ассалому алайкум ва раҳматулЛоҳи ва баракотуҳ ,бародарон ва хохарони мехрабон албатта шумо дидед ки кофирон чи назару акидае бар мо доранд Аллохи мутаъол дар куръони азиму шаъни худ фармуд 24СураиНУР (рӯшноӣ)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1 Сураест, ки онро нозил кардаем ва воҷибаш сохтаем ва дар он оёте равшан фиристодаем, бошад, ки панд гиред.
2 Зану марди зинокорро ҳар якро сад зарба бизанед. Ва агар ба Худову рӯзи қиёмат имон доред, мабод, ки дар ҳукми Худо нисбат ба он ду раҳмдил гардед. Ва бояд, ки ба ҳангоми шиканҷа карданашон гурӯҳе аз мӯъминон ҳозир бошанд.
3 Марди зинокор ғайри зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро ғайри марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин бар мӯъминон ҳаром шудаст.
4 Касонеро, ки занони покро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод зарба бизанед ва аз он пас ҳаргиз шоҳидиашонро напазиред, ки мардуме фосиқанд.
5 Ғайри касоне, ки баъд ,аз он тавба кунанд ва ба ислоҳ оянд. Зеро Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
6 Ва касоне, ки занони худро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва шоҳиде ҷуз худ надоранд, ҳар як аз онҳоро чаҳор бор шоҳидӣ аст ба номи Худо, ки аз ростгӯён аст.
7 Ва бори панҷум бигӯяд, ки лаънати Худо бар ӯ бод, агар аз дурӯғгуён бошад.
8 Ва агар он зан чаҳор бор ба Худо савганд хӯрад, ки он мард дурӯғ мегӯяд, ҷазо аз ӯ бардошта мешавад.
9 Ва бори панҷум бигӯяд, ки хашми Худо бар ӯ бод, агар мард аз ростгӯён бошад.
10 Ҳалок мешудед агар фазлу раҳмате, ки Худо бар шумо додааст, намебуд? Ва агар Худо тавбапазиру ҳаким намебуд?
11 Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд, гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он шарре бувад. На, хайри шумо дар он бувад. Ҳар марде аз онҳо ба он андоза гуноҳ, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад ба азобе бузург гирифтор меояд.
12 Чаро ҳангоме ки он бӯҳтонро шунидед, мардону занони мӯъмин ба худ гумони нек набурданд ва нагуфтанд, ки ин тӯҳмате ошкор аст?
13 Чаро чаҳор шоҳид бар иддаъои худ наёварданд? Пас агар шоҳидоне наёвардаанд, дар назди Худо дар зумраи дурӯғгӯёнанд.
14 Агар фазлу раҳмати Худо дар дунёву охират намебуд, ба сазои он суханон, ки мегуфтед, шуморо азобе бузург дармерасид.
15 Он гоҳ, ки он суханро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе бар забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ, намедонистед ва мепиндоштед, ки коре хурд аст ва ҳол он, ки дар назди Худо коре бузург буд.
16 Чаро он гоҳ ки сухан шунидед, нагуфтед: «Моро нашояд, ки онро бозгӯем, Парвардигоро, Ту покӣ, ин тӯҳмате бузург аст?»
17 Худо шуморо панд медиҳад, ки агар аз мӯьминон ҳастед, бори дигар гирди чунон коре магардед.
18 Худо оётро барои шумо баён мекунад ва Худо донову ҳаким аст!