Где искать: по сайтам Запорожской области, статьи, видео ролики
пример: покупка автомобиля в Запорожье
Низомиёни Амрико ва Маҷористон наздикии марзи Қрим мушакпартоӣ карданд. Партоби озмоишии мушакҳо дар доираи тамринҳои муштараки Rapid Falcon (Уқоби босуръат) дар соҳили Баҳри сиёҳ сурат гирифт. Низомиён аз ду системаи мушакпартои дурбурди M142 HIMARS истифода намуданд. Ин системаҳо махсусан аз Олмон барои чанд соат ба пойгоҳои машқии Маҷористон интиқол дода шуданд. Расонаҳои хориҷӣ ин иқдомро “Туҳфаи мушакӣ” барои низомиёни рус номиданд, аммо Маскав ба иддао розӣ нест. Коршиносон бар онанд, ки дар бораи ҳеҷ ногаҳонӣ ва туҳфае сухан намеравад: интиқоли ҳар таҷҳизоти низомӣ ҳамеша зери назорат аст. Ҳамчунин дар минтақаи Баҳри сиёҳ Русия аз маркази ҷосусии радиоэлектроникӣ бархурдор аст. Партоби мушакҳои гузашта – ғайр аз иғвогарии низомиёни Амрико, дигар чизе нест. Ин иқдом умуман ба Русия таҳдид намекунад, балки баръакс ба худи Амрико ва шарикони ӯ хатари ҷиддӣ эъҷод мекунад.
Подписывайтесь на наш канал: https://www.youtube.com/channel/UCx_1ceE_43_qztQri7CPFgg
Мы в Facebook: http://www.facebook.com/sputniktajikistan/?fref=ts
Мы в Одноклассниках: https://ok.ru/group/53938748522616
Мы в Телеграм: https://t.me/SputnikTj