Где искать: по сайтам Запорожской области, статьи, видео ролики
пример: покупка автомобиля в Запорожье
Амрико аз рӯзи имзои созишнома бо ҷунбиши Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар афғонистон беш аз 10 пойгоҳҳои низомии худро бастанд. Дар ин бора нашрияи The Washington Post дар истинод ба мақомдорони амрикоиву афғоне, ки номашон зикр нашудааст, хабар доданд. Амрико ва “Толибон” моҳи феврали соли 2020 созишномаи таърихиеро ба имзо расониданд. Тибқи яке аз бандҳои ин созишнома нирӯҳои Амрико бояд дар давоми 14 моҳ Афғонистонро пурра тарк кунанд. Қаблан раисҷумшҳури Амрико Доналд Трамп хабар дода буд, ки Амрико теъдоди пойгоҳҳои низомиашро дар Афғонистон ба маротиб коҳиш хоҳад дод. Тибқи иттилои мақомдорони расмӣ то миёнаи моҳи январ шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз 5000 то 2500 ҳазор нафар расонида мешавад.
Подписывайтесь на наш канал: https://www.youtube.com/channel/UCx_1ceE_43_qztQri7CPFgg
Мы в Facebook: http://www.facebook.com/sputniktajikistan/?fref=ts
Мы в Одноклассниках: https://ok.ru/group/53938748522616
Мы в Телеграм: https://t.me/SputnikTj